Ссылки доступа

Турусбекова: Козлов ҳанӯз бовар надорад, ки озод мешавад


Алия Турусбекова, ҳамсари роҳбари пешин ва зиндонии ҳизби мамнуи "Алға"-и Қазоқистон Владимир Козлов гуфтааст, шавҳараш ҳанӯз сад дар сад бовар надорад, ки рӯзҳои наздик озод мешавад.

Ба гуфтаи Турусбекова, Козлов эътирози додситонӣ ба қарори озодии пеш аз муҳлати худро аз эҳтимол дур намедонад. Агар аз болои ин қарор шикоят нашавад, он 19 августи соли равон мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Турусбекова баъди як мулоқоти дусоатӣ бо ҳамсараш дар зиндон мегӯяд, вазъи Владимир Козлов хуб ва табъаш болида аст. Вай барои ҳамсараш ғизову либос бурда, мулоқоташон дар зодрӯзи сиёсатмадор баргузор шудааст. Роҳбари пешини ҳизби мамнуи "Алға" 56-сола шуд.

Интизор меравад, нимаи дувуми имрӯз ҷонибдорони Владимир Козлов назди зиндоне, ки ӯ нигаҳдорӣ мешавад, гирди ҳам омада, сиёсатмадорро бо зодрӯзаш табрик намоянд.

Владимир Козлов аз 23 январи соли 2012 боздошт ва 8 октябри ҳамон сол 7,5 сол зиндонӣ шуд. Ӯро дар барангехтани ихтилофи иҷтимоӣ ҳангоми ҳодисаҳои 16-17 декабри соли 2011 дар Жанаозен айбдор карданд. Козлов ва ҷонибдоронаш ин айбномаро сиёсӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG