Ссылки доступа

Кремл: Путин бо Мэй дар ояндаи наздик мулоқот мекунанд


Валадимир Путин, президенти Русия нахустин гуфтугӯи телефониро бо Тереза Мэй, ки ахиран сарвазирии Бритониё таъин шуд, анҷом додааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Кремл, "ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои Бритониёву Русия ҳам дар арсаи сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ изҳори ноқаноатмандӣ кардаанд".

"Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин созиш кардаанд, ки дар сатҳи мақомоти махсусе, ки бо таъмини амнияти парвозҳо машғуланд, ҳамкориро ба роҳ монанд", - афзудааст манбаъ. Кремл мегӯяд, ин суҳбат бо ташаббуси Лондон сурат гирифт.

Хадамоти матбуотии Кремл гуфтааст, Путин ва Мэй тасмим гирифтанд, ки дар ояндаи наздик бо ҳам мулоқот кунанд.

Ҳамчунин хонум Мэй таъйид кардааст, ки кишвараш дар маросими бахшида ба 75-умин солгарди омадани аввалин конвойи шимолии Бритониё ба Архангелск охирҳои моҳи август бо намояндагони баландпояаш ширкат хоҳад кард, меафзояд Кремл.

XS
SM
MD
LG