Ссылки доступа

Донишгоҳи байналхалқии туркиву туркманӣ дар Ишқобод баста шуд


Бар асоси фармони махсуси президенти Туркманистон донишгоҳи мазкур барҳам хурда, дар заминаи он Донишгоҳи технологӣ ба номи Оғузхона таъсис шудааст, хабар медиҳад бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Хабар дода мешавад, донишҷӯёни донишгоҳи туркиву туркманӣ ба донишгоҳии дигари Туркманистон тақсим шудаанд. Сабабҳои баста шудани донишгоҳи мазкур хабар дода намешавад. Ҳамасола бештар аз 200 донишҷӯ шомили ин донишгоҳ мешуданд.

Донишгоҳи байналхалқии туркиву туркманӣ сол 1993 таъсис ва соли 1994 ба кор пардохта буд. Моҳи майи соли 2013 дар ҳузури президентҳои Туркманистону Туркия сохтмони бинои нави донишгоҳ барои 3 ҳазор донишҷӯ шуруъ шуда буд.

Баъди талоши табаддулоти низомӣ дар Туркия, ки шаби 15 ба 16 июл рух дод, президенти он кишвар Раҷаб Эрдуғон Фатҷуҳҳол Гюлен, руҳонии туркро дар ташкили табаддулот айбдор кард. Моҳи майи соли ҷорӣ ҳаракати Гюлен "Хизмат" дар Туркия созмони террористӣ эълон шуда буд.

Мақомоти Туркия мегӯянд, "Хизмат" миллионҳо пайрав дошта, наздики ҳазор муассисаи таълимӣ дар ихтиёр дорад, ки дар 150 кишвари ҷаҳон барои шомил шудан ба донишгоҳҳо довталабонро омода мекунанд. Турки аз кишварҳои дигар хост, то муассисаҳои таълимии марбут ба Гюленро бибанданд.

XS
SM
MD
LG