Ссылки доступа

Донишҷӯёни фирории Литсейи ҳарбии Қирғизистон баргаштанд


Наздики 70 донишҷӯи Литсейи миллии низомии шаҳри Бишкеки Қирғизистон шаби 9 август аз таълимгоҳ фирор карданд. Дар ин бора хешовандони донишҷӯён ба расонаҳо иттилоъ додаанд.

Намояндагони Литсейи низомӣ ба пайвандони донишҷӯён тамос гирифта аз маҳалли будубошӣ фарзандонашон пурсидаанд. Аммо баъдтар худи донишҷӯён ба фармондеҳон тамос гирифта, хабар додаанд, ки соати 16-и 10 август ба таълимгоҳ бармегарданд.

Донишҷӯён гуфтаанд, бо ҳадафи эътироз ба бадрафтории яке аз афсарони литсей фирор кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон фирори донишҷӯёнро рад мекунад. Ин ниҳод мегӯяд, донишҷӯён бо иҷозаи фармондеҳ, ба истироҳат фиристода шудаанд.

XS
SM
MD
LG