Ссылки доступа

Боздошти додрасе дар Киев ҳангоми гирифтани пора бо зарфи шишаӣ


Дар шаҳри Киеви Украина як додрас ҳангоми гирифтани пора боздошт шуд. Дар ҷои доду гирифти пора Николай Чаус, додраси шаҳри Киев бо далели шайъӣ - зарфи шишаии дорои 150 ҳазор доллари ИМА боздошт шудааст.

Муовини додситони кулли Украина, роҳбари додситонии вижаи зиддикоррупсионӣ Назар Холоднитский дар Фейсбук навиштааст, ки ба далели мавҷудияти дахлнопазирӣ додраси порахӯрро мумкин набуд, ки боздошт кард.

"Ҷамъият интизор дорад, ки фасодкорон ба таври одилона ҷазо дода шаванд. Мақомоти қудратии Украина талош хоҳанд кард, ки ин ва дигар "дахлнопазирон"-ро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд. Аммо мо мебинем, сабаби аслии дур мондани ин тоифа аз муҳокимаи додгоҳӣ қонунгузории куҳна аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз баҳри "тоифаи дахлнопазирон" намегузарад", - навиштааст Холоднитский.

Додрас Чаус шаби 9 август боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG