Ссылки доступа

Остона эҳтимоли андозситонӣ аз Apple ва Google-ро баррасӣ дорад


Кумитаи даромадҳои давлатии вазорати молияи Қазоқистон ният дорад, дар ин кишвар аз амалиёти электронии молиявӣ, ки дар платформаи системаҳои Apple ва Google амалӣ мешаванд, андоз ситонад, хабар медиҳад роҳбари кумитаи мазкур Даулет Ергожин.

Ба гуфтаи вай, ҳаҷми амалиёти тиҷорӣ, ки тавассути ин платформаҳо амалӣ мешавад, ба таври кофӣ бузург аст ва давлат бояд аз ин амалиёт барои буҷааш даромад бигирад. Вай афзудааст, бо раҳбарони ширкатҳои мазкур тирамоҳи имсол гуфтугӯ хоҳанд кард.

Чунин як қонуне дар Русия аз сӯи Шӯрои Федератсияи Русия моҳи июн тасдиқ шуд. Қонуни мазкур дар Русия "андоаз аз Google" ном гирифтааст.

Барномаҳои компютерӣ, филмҳо, бозиҳо, мусиқӣ, китоб ва дигар муҳтавои электронӣ шомили қонуни "андоз аз Google" мешаванд. Интизор меравад, ин қонун дар Русия соли 2017 эътибор пайдо кунад.

XS
SM
MD
LG