Ссылки доступа

Душанбе ва Кобул вазъ дар марзро баррасӣ карданд


Муҳаммад Ҳаниф Атмар, мушовири президенти Афғонистон дар умури амнияти миллӣ 10 август вориди Душанбе шуда ва нимаи дувуми ин рӯз ӯро Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, "ҷонибҳо масоили мубрами рӯз, аз ҷумла тақвияти мубориза зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатӣ"-ро баррасӣ кардаанд.

Соли равон дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 17 задухурди мусаллаҳона сурат гирифтааст, ки дар натиҷа 8 марзшикан кушта шудаанд. Ба воситаи марзи 1400 километрии Тоҷикистон бо Афғонистон, ки онро "масири шимолӣ" ҳам ном мебаранд, қочоқбарон маводи мухаддирро ба бозори сиёҳи Осиёи Марказӣ ва Русия интиқол медиҳанд.

Вақтҳои охир дар вилоятҳои Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистонанд, нуфузи гуруҳи Толибон ва ҳаракатҳои дигари экстремистӣ бештар мешавад.

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, ин сафари Муҳаммад Ҳаниф Атмар бо даъвати ҳамтои тоҷикаш сурат гирифтааст ва ӯ баъди дидору гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон ба Қирғизистон хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG