Ссылки доступа

Порошенко: Русия барои шиддат бахшидани вазъ баҳона меҷӯяд


Президент Петр Порошенко мегӯяд, хадамоти махсуси Украинаро дар воридшавӣ ба Қрим айбдор кардани Русия баҳонае барои тақвияти таҳдидҳои низомӣ дар робита ба Киев аст.

Бино ба иттилои сомонаи президенти Украина, Порошенко гуфтааст, Русия бо бадномсозии Киев наметавонад барои бекор кардани таҳримҳои байнулмилалӣ комёб шавад. Вай афзудааст, ки интизор дошт, Русия шароити иҷрои созишномаи Минскро дар бораи қатъи даргириҳо таъмин мекунад.

"Украинаро ба анҷоми амалҳои террористӣ дар Қрим айбдор кардани Русия амали бешармонаву бемаънист. Ин монанди ҳамон изҳороти раҳбарияти Русия аст, ки гуфт, низомиёни кишвараш дар Донбасс ҳузур надоранд", - изҳор доштааст Порошенко

Владимир Путин, президенти Русия баъди иттилои Хадамоти федеролии амнияти кишвараш дар бораи боздошти чанд "харобкор" дар Қрим, ки гӯиё кормандони хадамоти ҷосусии Украинаанд, мулоқот дар "формати нормандӣ"-ро барои ҳалли осоиштаи низоъ дар Донбасс "бемаънӣ" хонд.

Путин пас аз мулоқоташ бо Серж Саргсян, президенти Арманистон зимни як нишасти хабарӣ дар Москва гуфт, амали боздоштшудаҳо, аз ҷумла омодагӣ ба зарбаи террористӣ дар нимҷазираи ғасбшуда барои дур сохтани таваҷҷуҳи мардуми Украина аз мушкилоти дохилияшон равона шудааст.

XS
SM
MD
LG