Ссылки доступа

Боздошти мансабдорони Қазоқистон бо гумони дуздии буҷаи мудофиа


Сардори раёсати асосии таъмини техникаву лавозимоти Нерӯҳои мудофиаи Қазоқистон Тулемис Жумқозиев дар ташкили тарҳи дуздӣ гумонбар дониста мешавад. Дар ин тарҳ шахсони мансабдори вазорати мудофиа, молия ва роҳбарони чанд ширкати дигар ширкат доштаанд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қазоқистон.

Жумқозиев рӯзи душанбеи 8 август "ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 20 миллион танга" боздошт шудааст, хабар медиҳад КДАМ-и Қазоқистон.

"Зимни адои вазифа дар мансаби раисии комиссияи озмуни вазорати мудофиа, Тулемис Жумақозиев аз манфиатҳои соҳибкорони мазкур пуштибонӣ карда, барои рӯпӯш намудани кирдорҳои ғайриқонуниаш аз имконоти шахсони мансабдори вазорати мудофиа ва молия истифода бурдааст", - менависад КДАМ.

Ин кумита ҳамчунин хабар медиҳад, ки дар доираи парвандаи мазкур панҷ шахси мансабдори вазорати мудофиа ва молия, чаҳор роҳбари ширкатҳои хусусӣ боздошт шудааст. Ному насаби боздоштшудаҳо ҳанӯз эълон нагардидааст.

XS
SM
MD
LG