Ссылки доступа

"Падари Конститутсияи Қирғизистон": фарзандамро хор накунед


Омурбек Текебаев, раиси Ҳизби "Ота-Макон" ва вакили порлумони Қирғизистон мегӯяд, зидди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишвараш аст. Вай ин нуктаро зимни як нишасти хабарӣ дар Бишкек баён доштааст.

Ба гуфтаи Текебаев, ки аз муаллифони асосии сарқонун ба шумор меравад, бархе аз атрофиёни президенти Қирғизистон бо тағйири конститутсия талош доранд, ки барои худ ҳукумати муносиб созанд.

Ёдрас мешавем, зери ташаббуси ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Қирғизистон аз шаш ҷиноҳи Жогорку Кенеш 5 тоаш - ҲСДҚ, "Республика - Ота-Журт", "Киргизистан", "Онугуу - Прогресс" ва "Бир бол" имзо гузоштаанд.

Ҳадафи асосии тағйирот густариши салоҳиятҳои ҳукумат ва суръат бахшидан ба ислоҳоти мақомоти додгоҳӣ арзёбӣ мешавад. Қарор аст, раъйпурсӣ тирамоҳи имсол баргузор шавад. Лоиҳаи қонун дар баррасӣ омма қарор дорад.

Як қатор сиёсатмадорони мухолиф, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вакилони қирғиз зидди тағйири Қонуни асосӣ дар ин кишваранд.

XS
SM
MD
LG