Ссылки доступа

Шиорҳои сарфакорӣ ва хариди Lexus-ҳои гаронбаҳо


Вазорати молияи Тоҷикистон бо мақсади кам кардани хароҷоти буҷаи кишвар хариди мошинҳои хизматӣ, мебел ва таъмири бинои муассисаҳои давлатиро маҳдуд намудааст.

Номгӯи музояда (ауксион)-ҳои Агентии давлатии хариди мол ва хидматрасонии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки идораҳои давлатии кишвар барои хариди мошини хизмативу мебел маблағҳои буҷаро дареғ намедоранд.

Барои мисол, 29 июли соли равон Раёсати зидди сӯхтори ВКД бо харҷи 109 ҳазору 315 сомонӣ автомошинаи тамғаи Lexus RX 350 харидааст. Моҳи апрел як шӯъбаи ҳамин вазорат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд низ ба қимати 85 ҳазор сомонӣ автомашина харидааст, ки тамғааш зикр намешавад.

Бар пояи номгӯи музоядаҳо, мақомоти маҳаллии ноҳияҳои Варзоб, Файзобод ва Бобоҷон Ғафуров, Додситонии кулл, Академияи кишоварзӣ соли равон бо харҷи маблағҳои аз 30 то 80 ҳазор сомонии буҷа барои худ мебел хариданд.

Ба иттилои Вазорати молияи кишвар, дар натиҷаи таъсири манфии бӯҳрон даромадҳои буҷа шадидан коҳиш ёфтаанд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ ахиран дастур дод, хароҷоти давлатӣ 450 миллион сомонӣ кам гардида, ин тағйирот ба буҷаи соли равон ворид карда шавад.

XS
SM
MD
LG