Ссылки доступа

Чин ҳамроҳ бо се кишвари мусалмонӣ эътилофи зиддитеррористӣ месозад


Чин тасмим гирифтааст, ки бо иштироки Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон эътилофи низомии зиддитеррор ташкил кунад ва ҳамкориҳояшро барои мубориза бо терроризм дар минтақа бо ҳамсоягонаш тақвият диҳад. Бо ин ҳадаф ҳафтаи гузашта дар Урумчии Шинҷони Чин мулоқоти раҳбарони нирӯҳои мусаллаҳи ин чор кишвар баргузор шуд.

Раёсати мулоқотро Фанг Фенҳуй, раиси ситоди муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Чин ба уҳда дошт. Раҳбарони ситодҳои муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон дар ин мулоқот иштирок ва ҷонибдории кишварҳои худро барои ташкили чунин эътилоф изҳор доштанд.

Пештар аз ин раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Чин ба кишварҳои мазкур сафар карда, бо роҳбарони онҳо мулоқот дошт.

Александр Голтс, коршиноси низомии рус мегӯяд, ташкили ин эътилоф гардиши муҳиме дар сиёсати Чин аст.

"Ин ба он маъност, ки ба сиёсати азалии Чин тағйирот ворид карда мешавад. Зеро Чин ба таври ҷиддӣ аз узвият дар ҳар гуна созмон ё иттиҳоди низомӣ худдорӣ мекард. Ба ин тартиб, Чин мехоҳад ҳамчун абарқудрат эътироф шавад", - меафзояд Голтс.

XS
SM
MD
LG