Ссылки доступа

Тоҷикистон ба далели маҳдудиятҳои динӣ ба кишварҳои "махсусан хавфнок" шомил шуд


Комиссияи озодиҳои мазҳабӣ дар Амрико (USCIRF) дар гузориши наваш, ки 10 август нашр шуд, ҳукумати Тоҷикистонро барои эҷоди маҳдудиятҳои мазҳабӣ натанҳо барои мусулмонҳо, балки барои фирқаҳои протестант ва "Шоҳидони Яҳво"-и дини масеҳӣ танқид намуда, дар қатори кишварҳои "махсусан нигаронкунанда" ҷой додааст.

Дар ин гузориш аз давлати Тоҷикистон хоста шудааст, ки барои боздиди Гузоришгари махсуси СММ дар масоили озодиҳои мазҳабӣ ва Созмони мустақили адлия аз кишвар иҷоза дода ва шароити заруриро фароҳам орад.

Дар идомаи гузориши Комиссияи озодиҳои мазҳабӣ гуфта шудааст, иддае аз мақомдорони тоҷик ба ҷараёни мамнӯи "Салафия" ва бахше дигар ба мазҳаби шиа гаравида, ин раванд боис ба нигаронии ҳукумати кишвар шудааст.

Як намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон гузориши нави Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрикоро дар бораи маҳдудиятҳои динӣ дар кишвар рад карда ва "ғаразомез" донист. Мадризо Халифаев, сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии Додситонии кулл мегӯяд, касе дар Тоҷикистон барои эътиқодаш боздошт нашуда, асосан барои пайравӣ аз созмонҳои мамнӯи динӣ дастгиру зиндонӣ шудаанд.

Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб, махсусан баъди қабули қонуни нави дин, мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ қарор дорад. То кунун ин созмонҳову кишварҳо давлати Тоҷикистонро барои бастани масоҷид, манъи ҳиҷобу рӯсарӣ ва боздоштҳои густарда танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG