Ссылки доступа

Саргардонии ҳазорон "арӯси ӯзбек" миёни ду марз


Ҳазорҳо зани ӯзбектабори Қирғизистон дар ростои ихроҷ аз ин кишвар қарор доранд. Ин занҳо баъди барпо кардани оила бо шаҳрвандони Қирғизистон муқими ин кишвар шуда, аммо бо гузашти солҳо натавонистаанд шиносномаи ин кишварро бигиранд.

Сайёра Назарбекова даҳ сол пеш бо як шаҳрванди Қирғизистон оила барпо карда, дар ин муддат соҳиби се фарзанд шудааст. Онҳо дар Ӯши Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Сайёра то ҳанӯз маҷбур аст, ҳар ду моҳ як бор ба ватанаш Узбакистон рафта биояд. Чунки аз рӯи қонунҳои Қирғизистон, соҳибони шиносномаи узбакӣ, танҳо 60 рӯз ҳақ доранд, ки бидуни виза дар Қирғизистон монанд. Ҳамин масъала шиддати нороҳативу ҷанҷолҳои хонаводагии ӯро ҳам боло мебарад.

Ин занҳоро дар Қирғизистон "арӯсони ӯзбек" меноманд. Ҷамила Ғаффорова, раиси як маркази ҳуқуқи башар мегӯяд, мисли Сайёра дар Қирғизистон тахминан 10 ҳазор "арӯси ӯзбек" ба сар мебаранд ва ҳар кадоме аз онҳо кайҳо соҳиби аз се то панҷ фарзанд шудаанд. "Онҳо ҳақ надоранд, ки соҳиби маълумот шаванд, ба имтиёзҳои иҷтимоӣ ва ё кумаки тиббӣ дастрасӣ надоранд. Яъне, ин гуруҳи одамон аслан аз ҳукумат ёрӣ намебинанд," – гуфт ин фаъоли ҳуқуқи башар.

Мақомоти Қирғизистон аз хориҷиҳое, ки бо шаҳрвандони маҳаллӣ оила барпо кардаанд, талаб намекунанд, ки аз шиносномаҳои кишварашон даст кашанд. Аммо дар асл, агар хоҳанд, гирифтани шиносномаи шаҳрванди Қирғизистон аз рӯи принсипи содда роҳандозӣ мешавад. Мушкил ин ҷост, ки Ӯзбекистон муқаррароти душаҳрвандиро эътироф намекунад.

Дасткашӣ аз шиносномаи ӯзбекӣ низ дардисарҳои муайяни қонунӣ дорад. Илова ба ин, аз рӯи қонун, қарори хориҷ шудан аз шаҳрвандии Ӯзбекистонро шахсан раисиҷумҳур Ислом Каримов имзо мекунад ва аз ҳамин хотир ҳам баррасии ин масъала метавонад солҳои зиёд тӯл кашад.

XS
SM
MD
LG