Ссылки доступа

Шӯрои амнияти СММ тамомияти арзии Украинаро якҷо бо Қрим тасдиқ кард


Шӯрои амнияти СММ бе баҳсу баррасӣ тамомияти арзии Украинаро бо назардошти Қрим, тасдиқ кард. Дар ин бора намояндаи доимии Украина дар СММ Владимир Елченко хабар медиҳад. Ба гуфтаи вай, аз ин мавқеъ танҳо намояндаи Русия пуштибонӣ накардааст.

"Мо аз Шӯрои амният сипосгузорем, ки бе баҳсу баррасӣ тамомияти арзии Украинаро тасдиқ кард ва Қримро ҳам ҷузъи Украина эътироф намуд. Албатта, яке аз кишварҳо аз ин мавқеъ ҷонибдорӣ накард", - афзуд Елченко.

"Агар айбдорсозии онҳо нисбати ҳодисаҳои маъруф ба талоши теракти Украина зидди Қрим воқеан ҷой дошт, куҷост далел, акс, видео? Танҳо ҳарф асту тамом", - илова кард Елченко. Пеш аз ин Шӯрои амнияти СММ дар робита ба ангезаҳои нооромӣ дар Қрим, бо дархости Украина ҷаласаи пӯшида баргузор кард.

Муносибати Русияву Украина баъди хабари Хадамоти федеролии амнияти Русия дар бораи боздошти "харобкорон" дар Қрим, ки гӯё кормандони иктишофии Украина будаанд, бад шуд. Дар ҳамин ҳол ду афсари рус кушта шудааст.

Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ҳукумати Украина ба таҷрибаи террор гузаштааст. Ба гуфтаи Путин, дар ин шароит мулоқоти "чаҳоргонаи нормандӣ" дар масъалаи танзими низоъи Донбасс "бемаънист".

XS
SM
MD
LG