Ссылки доступа

Дар шаҳрҳои калони Туркманистон таъқиби муҳоҷирон сар шудааст


Дар Туркманистон то кунун талаботи қайди ҷои зист вуҷуд дорад. 3 август 83 сокини вилояти Дашоғуз аз шаҳри Туркманбошӣ ронда шудаанд. Ин сокинон барои мардикорӣ ба шаҳри Туркманбошӣ омада будаанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Ба далели бекории сартосарӣ дар минтақаҳо, шаҳрвандони Туркманистон талош мекунанд, ки дар Ишқобод ё Турманбошӣ кор пайдо кунанд. Аммо пулис корҷӯёни минтақаҳои дигарро боздошт ва дубора ба маҳалли асосии зисташон мефиристад. Дар сурати боздошти такрорӣ онҳо ҷазо мебинанд.

Бори охир амалиёти пулис барои муайян ва боздошт кардани сокинони шаҳрҳои дигар шаш рӯз идома кардааст. Ҳамаи ин рӯзҳо боздоштшудаҳоро дар шуъбаҳои пулис нигаҳдорӣ шудаанд.

Баъдан онҳо зери назорати кормандони пулис ба Дашоғуз бурда ва онҷо озод шудаанд. Як пулис ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, чунин амалиёт то охири мавсими ҷамъоварии пахта идома мекунад.

XS
SM
MD
LG