Ссылки доступа

Эҳтимоли ихроҷи садҳо муҳоҷири ӯзбеку қирғизу тоҷик аз Туркия


Дар Истамбул тайи чанд рӯзи ахир наздики 140 муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгир шудаанд.

Бино ба гуфтаи манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ, бештари дастгиршудаҳо шаҳрванди Ӯзбекистон буда, эҳтимоли ихроҷи зиёда аз сад танашон ба Ватан вуҷуд дорад.

Нерӯҳои амниятии Туркия 29 июли соли равон дар пайи як амалиёт 29 шаҳрванди Ӯзбекистонро боздошт карданд. Баъдан боз зиёда аз 100 муҳоҷири ӯзбекро дастгир кардаанд. Бар пояи иттилои Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон, 80 дарсади онҳо озод гардида, аз 40 кас талаб шудааст, ки дар муҳлати 1 моҳ Туркияро тарк намоянд.

Муҳаммад Солеҳ, раҳбари ҳизби мухолифи "Эрк"-и Ӯзбекистон, ки ҳоло муқими Туркия аст, зимни суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар Маркази истирдодии ноҳияи Кумкапи Истамбул 60 нафар, аз ҷумла 20 муҳоҷири ӯзбек нигаҳдорӣ мешаванд.

"Миёнашон 4 шаҳрванди Тоҷикистон, 6 шаҳрванди Қирғизистон, 9 русу 1 қазоқ ҳам ҳаст", - афзудааст Муҳаммад Солеҳ.

Ба гуфтаи Солеҳ, бештари онҳое, ки дар Туркия дастгир шудаанд, бо ангезаҳои динию мазҳабӣ Ватанро тарк карда буданд. "Аз ин рӯ, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба ихроҷи онҳо аз Туркия роҳ дод", - гуфтааст сиёсатмадори ӯзбек.

XS
SM
MD
LG