Ссылки доступа

Қирғизистон пас аз як соли узвият дар созмони АвруОсиё


Аз ворид шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё расо як сол сипарӣ гардид.

Ин кишвари Осиёи Марказӣ 12 августи соли 2015 узви комилҳуқуқи созмони мазкур гардид ва назорати гумрукӣ дар марзаш бо Қазоқистон аз байн бардошта шуд.

Ҳамчунин бояд дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон назорати санитарию фитосанитарӣ ва бойторӣ барҳам дода мешуд. Вале ба иллати вазъи бади эпизоотӣ дар Қирғизистон Қазоқистон онро то беҳбуд ёфтани ҳол ба таъхир андохт.

Мақомоти Қазоқистон моҳи ноябри соли 2015 назорати санитарию фитосанитариро дар марз бо Қирғизистон барҳам доданд. Ҳоло танҳо масъалаи назорати байторӣ ҳалношуда мондааст.

Ҳукумати Қирғизистон иқрор мекунад, ки дар ҳамгироӣ бо иттиҳод ҳанӯз ҳам баъзе мушкилиҳои муайян мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG