Ссылки доступа

Майкл Фелпс 22-умин медали олимпиашро дар Рио ба гардан овехт


Майкл Фелпс, шиновари амрикоӣ, ки медали тилоии 22-умашро дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро ба даст овард, тавонист аз натиҷаи 2000 сол пеш нишондодаи варзишгари олимпии Юнони қадим Леонид Родосский пеш гузарад.

Қаблан хабар дода шуд, ки варзишгари маъруфи амрикоӣ Фелпс дар шиноварӣ ба масофаи 200 метр мақоми аввалро соҳиб шудааст. Ин 13-умин пирӯзии ӯ дар сабқатҳои инфиродии Бозиҳои олимпӣ аст.

Варзишгари олимпии Юнони қадим Леонид Родосский 12 бор пирӯз шуда, аз соли 164 то соли 152-и пеш аз милод дар чаҳор Олимпида иштирок намудааст. Вай дар таърихи Бозиҳои олимпӣ аз ҳама бештар ғолибиятро ба даст овардааст.

Майкл Фелпс ягона варзишгаре аст, ки тавонистааст, соҳиби 22 медали тилоии Бозиҳои олимпӣ шавад. Дар умум варзишгарони амрикоӣ 26 медал ба даст овардаанд.

Баромади ин варзишгари 31-солаи амрикоӣ дар Рио охирин иштирокаш дар Бозиҳои олимпӣ хоҳад буд. Вай тасмим дошт, ҳанӯз баъди Бозиҳои олимпии Лондон дар соли 2012 варзишро тарк кунад, вале моҳи апрели соли 2014 дубора ба сабқат баромад.

XS
SM
MD
LG