Ссылки доступа

Додгоҳ Ҳаракати муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия баст


Додгоҳии олии Русия фаъолияти Ҳаракати муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро манъ кард. Додгоҳ мегӯяд, созмон дар оинномааш иштибоҳ дорад ва ҳуҷҷатҳои анҷумани ҳаракати мазкур ғалат навишта шудаанд.

Додгоҳ ҳамчунин қарор кард, ки мақоми умумирусиягии созмон тасдиқ нашудааст. Зеро, ба гуфтаи додгоҳ, "Ҳаракати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаҳои Русия ҳамагӣ 38 намояндагӣ дорад, ҳарчанд мебоист 43 намояндагӣ медошт".

Роҳбари созмон Каромат Шарифов далелҳои Додгоҳи олии Русияро барои бастани созмонаш нокофӣ медонад. Вай мегӯяд, барои барқарории фаъолияти созмон қасд дорад то Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон шикоят барад.

Шарифов бовар дорад, ки масъалаи бастани созмони вай "натиҷа"-и ошкоргӯиҳо ва танқидҳояш нисбати бархе аз сохторҳои Русия ва гуруҳҳои созмонёфтаи ҷиноятӣ дар бозорҳои Садовод ва Люблинои Москва аст. Дар ин бозорҳо аз меҳнати муҳоҷирон сӯистифода ва ба онҳо маош пардохт нашудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, Ҳаракати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳамчун созмони умумирусягӣ сабти ном шуда буд ва ба ҳамин далел сафорат ҳақ надорад, ба кори вай дахолат кунад. Ин ҳаракат соли 2001 таҳти номи "Тоҷик-диаспора" таъсис шуда буд. Бо гузашти солҳо созмон густариш ёфт ва соли 2008 он ҳамчун "Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик" сабти ном шуд.

XS
SM
MD
LG