Ссылки доступа

Талаботи нави либоси мактабӣ дар Тоҷикистон (видео)


Бозори либосҳои мактабӣ дар Тоҷикистон таҳти назорати ҷиддӣ қарор мегирад. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз ин ба баъд ҳамагуна либоси мактабӣ, ки аз хориҷ оварда мешавад, танҳо баъди ташхиси Оҷонсии “Тоҷикстандарт” иҷозаи вуруд ба бозорро мегирад.

Абдуқаҳҳор Мавлонзода, сардори шуъбаи назорати давлатии моли ниёзи мардум дар оҷонсии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, ҳадаф аз ташхиси либосҳои мактабӣ ҷилавгирӣ аз фурӯши либосҳои синтетикӣ ва зарарнок барои кӯдакон ва ҳамчунин дастгирии соҳибкории ватанӣ аст. Тибқи ин қарор, бояд 60 дарсади либоси мактабӣ аз нахи пахта ва 30- 35 дар сад аз синтетика иборат бошад.

Масъулини "Тоҷикстандарт" мегӯянд, либосҳои истеҳсоли ширкатҳои дохилӣ имсол бо сифати беҳтар пешниҳоди мактабхонҳо шудааст. Тасмими ташхиси либосҳои мактабии истеҳсоли хориҷа дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар чанд соли ахир кӯшиш доранд, либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ бештар вориди бозор шавад.

Ба гуфтаи Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, “имсол беш аз як миллион дархост аз мактабҳо ба корхонаҳои дӯзандагӣ шудааст".

Какой быть школьной одежде - импортной или отечественной?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:08 0:00
XS
SM
MD
LG