Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон қасам ба рӯйхати "анъанаҳои фаъол" шомил шудааст


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳангоми таҳияи беш аз 500 номгӯи фарҳанги ғайримоддии кишвар қасамро аз анъанаҳои шифоҳии "фаъол" дар кишвар ном бурдааст.

Муаллифони "Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддии Тоҷикистон", ки ба тозагӣ нашр шудааст, мегӯянд, сокинони кишвар асосан бо қасам хӯрдан дуруст будани андеша ё гунаҳкор набудани худро собит мекунанд.

Солҳои охир истифода аз қасам на танҳо миёни сокинони оддии Тоҷикистон, балки дар сатҳҳои болои ҳукумати кишвар низ мушоҳида мешавад. Дар гузашта, дар соли 2006, танҳо савганди садоқати нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба номи раисиҷумҳур қонунӣ шуда буд. Ҳоло 17 узви ҳукумати Тоҷикистон низ ба номи раисиҷумҳур қасам ёд хоҳанд кард. Бар асоси ин қонун, инчунин, вакилони порлумони Тоҷикистон ба номи халқ савганд ёд хоҳанд кард.

Муаллифони феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, дар маҷмуъ, беш аз 500 номгӯи ҷашну анъана, касбу ҳунар ва ғизову варзиши суннатӣ дар Тоҷикистонро ба се гуруҳ – фаъолу нимфаъол ва дар ҳоли аз байнравӣ – тақсим кардаанд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар хулосаи ин феҳрист гуфтааст, "ин рӯйхати такмилёфта барои таҳқиқоти илмӣ, таблиғ ва густариши намунаҳои фарҳангӣ ва барои таҳкими ҳуввияти миллӣ воситаи хеле муҳим ба шумор меравад".

XS
SM
MD
LG