Ссылки доступа

Пулиси Остона: таҳқиқи ҳодисаи ломбард оғоз шудааст


Пулиси Остона мегӯяд, дар робита ба кӯшиши ғорати ломбард ё гаравхона бар пояи моддаҳои "Роҳзанӣ" ва "Гаравгонгирӣ" тафтишот оғоз гардидааст.

Бино ба иттилои пулис, дар натиҷаи амалиёти махсус як сокини 42-солаи Остона, ки ному насабаш гуфта намешавад, дастгир ва ба боздоштгоҳ интиқол дода шудааст.

Рӯзи 14 августи соли равон шахси номаълум бо мақсади ғоратгарӣ ба бинои "М-Ломбард", воқеъ дар кӯчаи Кенесари Остона ворид гардида, дар натиҷаи садо додани сигнали ҳушдор ҳамроҳ бо ду зан - кормандони гаравхона дар дохил маҳкам мешавад.

Пулис гуфт, яке аз кормандони гаравхона дар пайи гуфтушунид раҳо гардид. Корманди дувумро кормандони пулис баъди ҳамла ба дохили бино озод кардаанд. Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи амалиёт касе, бахусус зани гаравгон осеб надидааст.

XS
SM
MD
LG