Ссылки доступа

ФСБ рамзшикани махфинависиҳои интернетиро омода мекунад


Сомонаи расмии маълумоти ҳуқуқии Русия 14 август фармони Хадамоти федералии амният ё ФСБ-ро нашр намуд, ки тартиби ба ихтиёри ин ниҳод гузоштани иттилои зарурӣ барои рамзкушоии паёмакҳои корбарони Интернетро муайян мекунад.

Бар пояи ин санад, калидҳои рамзгузориро Раёсати ташкилию таҳлилии Хадамоти илмию техникии ФСБ ҷамъоварӣ мекунад. Моҳи июли соли равон ХФА тартиби ҷамъоварии иттилои заруриро барои рамзкушоии паёмакҳо аз ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет тасдиқ кард.

Бино ба иттилои ҳафтаномаи русии "Газета", матни фармони мазкур он замон чоп нашуда буд.

Ахиран дар сомонаи "Ташаббуси ҷамъиятии Русия" беш аз 100 ҳазор одам зидди қонуни ба истилоҳ "зиддитеррористӣ", ки аз сӯи вакили Думаи давлатӣ Ирина Ярова пешниҳод гардидааст, раъй доданд. Танҳо якуним ҳазор одам гуфтанд, бо ташаббуси манъи "қонунҳои Ярова" розӣ нестанд.

Маҷмуаи қонунҳои "зиддитеррористӣ"-и Ирина Ярова ва Виктор Озеров, узви Шӯрои федеролиро Владимир Путин, президенти Русия 7 июл имзо кард. Ин ислоҳот пешбинӣ мекунад, ки барои "хабар нарасонидан" ва "майл доштан" ба иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ татбиқ шавад. Ба ҷуз ин, ширкатҳои мобилӣ вазифадоранд, ки ҳамаи зангҳои телефонӣ ва паёмакҳои муштариёнашонро сабт кунанд.

XS
SM
MD
LG