Ссылки доступа

Расонаҳо: эҳтимол Русия ҷилави ҷудоихоҳони Донбассро сар диҳад


Нашрияи "Ведемости"-и Русия аз натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишвар огоҳ шудааст. Ҷаласаи Шӯрои амният баъди гӯё омодагӣ ба теракт дар Қрим аз сӯи "харобкорони украинӣ" баргузор шудааст. Дар ҷаласаи мазкур чораҳои ҷавобии мушаххас нисбати Украина андешида нашудааст. Чораҷӯиро бар дӯши идораҳои марбута вогузор кардаанд.

Гузинаи ҳамлаи ҷавобии низомӣ ба Украина баррасӣ нашудааст, хабар медиҳад як манбаъ. Аммо ба гуфтаи манбаъи наздик ба мақомоти Ҷумҳурии худхондаи Донетск, Москва мумкин аст ҷилави фаъолияти ҷудоихоҳони шарқи Украинаро сар бидиҳад.

Ба гуфтаи манбаъи дигар, Шӯрои амнияти Русия ҳанӯз "паёмадҳо"-и мушаххаси таҳдидҳои Владимир Путин ва вазорати корҳои хориҷии Русияро нисбати Киев дақиқ накардааст.

Мақомоти Русия 10 август хабар доданд, як гуруҳи харобкори украиниро боздошт кардаанд, ки ин гуруҳ қасд дошт дар Қрим теракт анҷом диҳад. Президенти Русия Владимир Путин Украинаро бо он айбдор кард, ки ин кишвар ба террор гузаштааст. 11 август вазорати корҳои хориҷии Русия изҳоротеро нашр карда гуфт, ҳодисае, ки дар Қрим рух дод, "бе ҷавоб нахоҳад монд".

Ҷумъаи гузашта сарвазири Русия Дмитрий Медведев гуфт, эҳтимол муносиботи дипломатии кишвараш бо Украина мумкин аст қатъ шавад. Киев даст доштанашро дар ин ҳодисаҳо рад мекунад ва онро "иғво" меномад. Иғвое, ки мақомоти махсуси Русия ташкил кардааст.

XS
SM
MD
LG