Ссылки доступа

600 мактаб дар Қирғизистон имсол ҳам бе Интернет хоҳанд монд


Ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Қирғизистон дар тендери вазорати маориф ва илми он кишвар барои таъмини Интернет ба 600 мактаб иштирок накардаанд. Дар ин бор вазири маорифи Қирғизистон Элвира Сариева дар Фейсбук хабар додааст.

Вай хотиррасон кардааст, ки барои пайваст намудани 600 мактаб ба Интернет аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 163 миллион 600 ҳазор сом (муодили тақрибан 16 миллион сомонӣ) ҷудо шудааст. Ба гуфтаи Сариева, тендери мазкур тобистони соли ҷорӣ эълон шуда будааст. Аммо танҳо ширкати "Қирғизистелеком" дархост пешниҳод кардааст, ки он ҳам маблағи бештареро талаб намудааст.

"Ширкатҳои хусусӣ, ки метавонистанд то 1 сентябр ба мактабҳо Интернети бе сим фароҳам кунанд, бо кадом далели аз ширкат дар тендер худдорӣ варзиданд... Ба мо чунин хабар расид, ки "бо ҳукумат сари кор доштан намехоҳанд"... Гӯш кунед, кори вазорати маориф нест, ки ба масоили инфрасохторӣ даст бизанад. Лутфан, нақшаҳои тангназаронаи худро канор гузоред, фикри онро бикунед, ки аз шаш як ҳиссаи кишвари мо ҳоло дар мактабҳо ҳастанд ва аллакай фардо онҳо нерӯи асосии пешбарандаи Қирғизистон хоҳанд шуд", - навиштааст Сариева.

XS
SM
MD
LG