Ссылки доступа

Либоси тоҷикӣ дар СММ "беҳтарин либоси миллӣ" эълон шуд


Шаҳноз Эроншо, намояндаи Тоҷикистон дар озмуни “Шоистатарин духтари СММ-2016” аз рӯи намуди "Беҳтарин либоси миллӣ" баранда эълон шуд.

Вай мегӯяд, тоқии гулдӯзиро хоҳараш аз Тоҷикистон фиристода ва камзӯли бахмали зардӯзиро дар Амрико таҳия кардаанд.

Дар озмуни “Шоистатарин духтари СММ-2016”, ки шоми 12 август дар шаҳри Солтлейк ситии иёлати Ютаи Амрико баргузор шуд, барои тоҷи маликаи зебоӣ 16 номзад мубориза бурда ва намояндаи Итолиё барандаи ҷоизаи аслии он гардидааст.

Ба гуфтаи Шаҳноз, либоси миллии вайро, ки барандаи озмуни “Беҳтарин либоси миллӣ” эътироф шудааст, Заррина - як дизайнери тоҷик дар Ню-Йорк таҳия кардааст.

Дар бахши “парад” баъдан Шаҳноз парчами миллии Тоҷикистонро алвонҷ дода аз саҳна гузаштааст. Вай афзуд, аз муаррифӣ кардани Тоҷикистон дар ин озмун бисёр сарфароз ва ба ҳамаи онҳое, ки аз ӯ тарафдорӣ кардаанд, сипосгузор аст.

Шаҳнози Эроншоҳ соли ҷорӣ аз рӯи ихтисоси равобити байналмилалӣ коллеҷи шаҳри Ню-Йорк (City College of New York)-ро хатм кардааст. Ӯ зодаи шаҳри Душанбе буда, бо аҳли хонаводааш дар дусолагӣ ба Русия кӯчидаанд ва 18 сол мешавад дар ИМА зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG