Ссылки доступа

Туркманистон пардохтҳои транзитии мошинҳои Эронро якбора боло бурд


Тавре мудири кулли Идораи транзит ва истгоҳҳои марзии Эрон Муҳаммад Ҷавоб Атрчиён хабар медиҳад, боло бурдани тарофаҳои равуои мошинҳои борбар бе огоҳии пешакӣ ва ё ягон шарҳе аз ҷониби мақомоти Туркманистон сурат гирифтааст.

"Талаботе, ки танҳо ба мошинҳои Эрон дахл дорад, хилофи созишномаи нақлиётӣ буда ва бе гуфтугӯ ба муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Теҳрону Ишқобод таъсир хоҳад расонид", - мегӯяд ин мансабдори эронӣ.

Акнун Эрон барои чораандешии ҷавобӣ омада мешавад ва ҳамчунин тарофаҳои транзитиро барои мошинҳои борбари Тукрманистон боло мебарад.

Ҳар сол наздики 75 ҳазор мошинҳои борбари Эрон сӯи Туркманистон ҳаракат мекунанд, ҳамчунин то 8 ҳазор мошини дигар тавассути роҳҳои Туркманистон ба кишварҳои дигари минтақа мерасанд. Дар ҳамин ҳол, ҳамасола то 20 ҳазор мошини борбари Туркманистон вориди Эрон мешаванд.

XS
SM
MD
LG