Ссылки доступа

Русия аз ду кони газу нафти Тоҷикистон даст кашид


Ширкати давлатии "Газпром"-и Русия аз идомаи корҳои иктишофӣ дар конҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии ғарбии Тоҷикистон даст кашидааст.

Танҳо захираи кони Сариқамиш, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав, 40-километрии шаҳри Душанбе, наздики 18 миллиард метри мукааб газ ва 17 миллион тонна нафт гуфта мешуд.

Се соли пеш Тоҷикистон ва ширкати "Газпром" созиш намуда буданд, ки 30 дарсади захираи гази кони Сариқамишро Тоҷикистон ва 70 дарсадашро ин ширкати русӣ бигиранд.

Хабаргузории "Интерфакс" навиштааст, комиссияи махсуси "Газпром" тасмим гирифтааст, ки "ба далели ғайримақсаднок будани идомаи омӯзиши геологии ин конҳо" муҷаввизро ба ҳукумати Тоҷикистон баргардонад.

Аммо ҷузъиёти ин тасмим гуфта нашудааст ва раҳбарияти Саридораи геологияи тоҷик низ аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ менамояд.

Дар ҳоле ки Мурод Ҷумъазода, раҳбари Саридораи геологияи тоҷик 12 июли соли равон зимни суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ширкати давлатии Русия аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, барои парма кардани чоҳи нав дар майдони нафту гази Сариқамиш иҷоза диҳад.

Мурод Ҷумъазода он замон изҳор дошт, ки "парма кардани чоҳи дувум барои иктишофу истихроҷи нафту газ кори осон нест ва барои ҳамаи ин корҳо аз 4 то 5 сол лозим аст".

Сариқамиш ва Шоҳамбарии ғарбӣ танҳо ду кони гази Тоҷикистон буд, ки ширкати "Газпром" то кунун дар ихтиёр дошт ва ҳатто дар Сариқамиш жарфтарин чоҳро дар Осиёи Марказӣ бо дарозии тақрибан ҳафт километр кофта буд.

XS
SM
MD
LG