Ссылки доступа

Ҳунарпешаи номӣ Матёқуб Матчоновро ба додгоҳ кашидаанд


Додгоҳе дар Тошканд баррасии парвандаи Матёқуб Матчонов, ҳунарманди шинохтаи Ӯзбекистонро 17 августи соли равон оғоз мекунад. Ин ҳунарманди 60-сола ҳамроҳи се тани дигар дар содир кардани ҷиноятҳои молию иқтисодӣ гумонбаранд.

Матёқуб Матчоновро 4 июли соли равон кормандони Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон дастгир карда буданд. Ба гуфтаи манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ, вайдар "муфлисшавии сохта, нақзи қоидаҳои савдо ва пулшӯӣ" айбдор мешавад.

Ҳамроҳ бо Матчонов кормандони ширкати тиҷории "Марс", ки муассисаш худи ҳунарманд аст, дастгир шудаанд. Дар доираи ин парванда мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон боз ду нафари дигарро дар кофтукоб қарор додаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло дар саросари Ӯзбекистон фаъолияти тамоми ширкатҳое, ки бо "Марс" ҳамкор буданд, тафтиш мешавад. Ширкати "Марс" аз кишварҳои хориҷии дуру наздик ба Ӯзбекистон мол ворид менамуд.

Тамошобинҳои ӯзбек бо ҳунарманд Матчонов аз солҳои 80-уми асри гузашта ба ин сӯ ошноянд. Вай дар намоишномаву филмҳои гуногун нақш офаридааст. Соли 2011 ин ҳунарманди ӯзбек, ки соҳиби се фарзанд аст, бо ордени "Дӯстлик" қадрдонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG