Ссылки доступа

Нахустин ҷонварон дар Боғи ҳайвоноти Кӯлоб (видео)


Первый зоопарк в Кулябе
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:48 0:00

Бо анҷоми корҳо, аз ҷумла такмил шудани қафасу хонаҳои ҷонварон, мумкин аст, боғи ҳайвоноти Кӯлоб моҳи сентябр дари худро ба рӯи кӯдакони шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он боз кунад.

Ба Боғи ҳайвонот, ки дар майдони якунимгектарӣ сохта мешавад, аввал ҷонварони алафхӯру парранда, аз қабили харгӯшу мурғобӣ ва товусро меоранд ва баъдан онро бо ҳайвоноти нодир ва бузург пур мекунанд.

Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб мегӯяд, пеш аз оғози сохтмон аз Боғи ҳайвоноти Душанбе дидан карда, баъдан намунаҳои боғи вуҳуш дар минтақаҳои Русияро тариқи интернет тамошо кардаанд.

"Дар ҳоли ҳозир 21 намуд ҷонварро интихоб кардаем, ки ҳаштои он парранда ва боқимонда ҷонварони алафхӯр ҳастанд. Нигоҳубини ин намуд ҷонварон осонтар аст. Ин боғ марҳила ба марҳила рушд мекунад ва дар нақша аст, ки дар соли 2017 боз ҳайвоноти бузургу нодир ворид карда шавад", - афзуд раиси шаҳри Кӯлоб.

Тоҷирони саховатманди Кӯлоб ваъда додаанд, ки барои пур кардани боғи ҳайвонот ва хурсанд кардани кӯдакони шаҳр саҳм мегузоранд ва ҷонварони бузург, аз ҷумла хирсро меоранд.

XS
SM
MD
LG