Ссылки доступа

Русия бори нахуст ба мавзеъҳои ДИ аз Эрон ҳамла кард


Низомиёни Русия барои анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия бори нахуст аз ҳавопаймоҳои кишварашон, ки дар Эрон мустақар буданд, истифода карданд.

Вазорати дифои Русия гуфт, ҳавопаймоҳои бомбаандози Ту-22M3 ва зарбазану бомбаандози Су-34 ба мавқеъҳои ҷангҷӯён аз пойгоҳи ҳавоии Ҳамадони Эрон ҳамла карданд.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳамлаҳо бобарор буда, иншооти марбут ба гуруҳи террористии "Давлати исломӣ", аз ҷумла захирагоҳи силоҳ ва тамрингоҳҳо дар се вилояти шимолии Сурия маҳв карда шудааст.

XS
SM
MD
LG