Ссылки доступа

Патриарх Кирилл падари маънавии Кумитаи тафтишотии Русияро муайян кард


Патриарх ё Усқуфи аъзами Русия Кирилл Микоилро падари маънавии Кумитаи тафтишотии ин кишвар муайян кардааст.

Дар ин бора Владимир Маркин, намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия хабар дода, гуфтааст, ин кор бар пояи дархости раиси кумита Александр Бастрикин сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи вай, ҳадафи ин таъйинот "тақвияти пояҳои маънавию ахлоқӣ"-и ҳайати кормандони Кумитаи тафтишотии Русия аст.

Маркин ҳамчунин афзуд, Микоил барои он ҳомии маънавӣ интихоб шудааст, ки вай дар Библия "ҳамчун муборизи асосӣ зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо миёни мардум тасвир шуда, китоби Ваҳй аз ӯ дар ҷанг зидди шайтону нерӯҳои сиёҳ ҳамчун пешво ном гирифтааст".

Намояндаи Кумитаи тафтишотии Русия низ зикр кардааст, ки исми Микоил дар Қуръон ҳам омадааст ва ҳамчунин вай ҳомии маънавии мақомоти тафтишотӣ дар минтақаи Қафқози Шимолӣ ҳаст.

XS
SM
MD
LG