Ссылки доступа

Боздошти зодаи Тошканд барои ширкат дар ҷанги Украина (видео)


Хадамоти амнияти Украина (ХАУ) як шаҳрванди Ӯзбекистонро, ки зимни задухурдҳо бо низомиёни ин кишвар дар Донбасс иштирок дошт, дастгир кардааст.

Татяна Павленко, сухангӯи додситонии Донетск мегӯяд, шаҳрванди Ӯзбекистон дар сафи ҷудоихоҳони Ҷумҳурии худхондаи Донетск ҳамчун мушакандоз ҷангидааст.

"Дар рафти суҳбат маълум гардид, ки дастгиршуда зодаи 20-солаи шаҳри Тошканди Ӯзбекистон буда, маҳалли зисташ шаҳри Калугаи Русия қайд шудааст. Вай соли 2014 ихтиёран ба сафи гуруҳҳои террористӣ дар "ҶМД" пайвастааст. Аз он замон то моҳи майи соли 2015 ӯ дар сафи гуруҳҳои ғайриқонунии низомӣ ба ҷониби нерӯҳои Украина оташ кушодааст", - афзудааст Павленко.

Дар навори нашрнамудаи сомонаи расмии ХАУ, ҷавони дастгиршуда худро Брикин Александр Виталиевич муаррифӣ намуда, мегӯяд 8 августи соли 1996 дар Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Ба гуфтаи Александр, ӯ дар ҳайати қисми низомии "ҶМД" бо лақаби "тирандоз" маъруф буд.

Ҳамчунин маълум гардид, ки Александр 13 августи соли равон баъди фирор аз миёни ҷудоихоҳон дастгир шудааст.

XS
SM
MD
LG