Ссылки доступа

Маҳбуси сиёсии Қрим Юрий Илченко ба Украина фирор кард


Блогнавис Юрий Илченко аз Севастопол, ки бо айби тундгароӣ дар ҳабси хонагӣ нигоҳ дошта мешуд, аз Қрими ғасбшуда ба Украина фирор кард. Дар ин бора вазорати сиёсати иттилоотии Украина хабар медиҳад.

Юрий Илченкои 38-сола молики мактаби забонҳои хориҷӣ буд. Парванда зидди ин блогнавис барои матлабҳои танқидиаш дар мавзуи ғасби Қрим аз сӯи Русия ва хушунати ин кишвар дар шарқи Украина, кушода шудааст.

Ҳукумати русиягарои Қрим Илченкоро бар асоси ду модда - "даъвати оммавӣ ба анҷоми амали террористӣ" ва "барангехтани адоват ва ё бадбинии миллӣ" айбдор мекунад. 2 июли соли 2015 вай аз сӯи ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролии Русия ва Маркази мубориза зидди тундгароӣ боздошт шуд ва 11 моҳ дар боздоштгоҳи муваққатии Симферопол зиндонӣ буд. Моҳи июн вай ба ҳабси хонагӣ интиқол ёфт, ки дар натиҷа тавонист фирор кунад.

Аз шароити зиндон ва фирораш интизор меравад Илченко дар як нишасти хабарӣ нақл кунад.

XS
SM
MD
LG