Ссылки доступа

Аъзои бадани мураббии фавтида дар Рио ба ҷисми 4 кас пайваста шуд


Штефан Ҳензе, мураббии дастаи мунтахаби олимпии Олмон оид ба заврақронӣ, ки дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар Рио-де-Жанейро ба ҳалокат расид, барои 4 нафар донори узви бадан шудааст.

Мураббии дастаи Олмон, ки савори таксӣ буд, дучори садамаи нақлиётӣ шуда, сараш осеб дидааст. Ҳензеи 35-сола ба беморхона интиқол ёфта, табибон ӯро ҷарроҳӣ карданд. Вале бо вуҷуди тамоми талошҳо, мураббӣ 15 августи соли равон даргузашт.

Мақомоти тандурустии Рио-де-Жанейро гуфтанд, табибон дил, ҷигар ва ду гурдаи Штефан Ҳензеро ба афроди дигар бо муваффақият пайванд кардаанд.

Ҳензе барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2004 дар шаҳри Афина буд.

XS
SM
MD
LG