Ссылки доступа

Ду зан барои тундравӣ дар "Одноклассники" зиндонӣ шуданд


Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, додгоҳи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ду занро аз Марғелон барои паҳни ақидаҳои ифротгароии динӣ дар Интернет ба муҳлати аз 5 то 6 сол зиндонӣ кардааст.

"Айбдоршавандаҳо дар шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" саҳифаи қалбакӣ боз намуда, корбаронро ба ҷиҳод ва сарнагун кардани низоми мавҷуда даъват кардаанд", - иттилоъ додааст як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон.

Ба гуфтаи вай, аз телефонҳои занон видеои дорои хусусияти экстремистӣ пайдо гардидааст.

Бар пояи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон, як соли ахир ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро тариқи интернет пурзӯр шудааст. Маводи таблиғотии ғояҳои экстремизми диниро асосан ба воситаи саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасони WhatsApp паҳн мекардаанд.

Моҳи апрели соли равон Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон лоиҳаи қонун дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳоро ба Кодекси ҷиноии ин кишвар имзо кард, ки "барои паҳни ақидаҳои экстремизми динӣ бо истифода аз ВАО, шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва ё Интернет" ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.

XS
SM
MD
LG