Ссылки доступа

Сарвазири пешини Қирғизистон хостори таъсиси шӯрои тағйири Конститутсия аст


Темир Сариев, сарвазири пешини Қирғизистон пешниҳод дорад, ки барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва ташхиси тағйирот ба Қонуни асосии ин кишвар мақоми махсусе таъсис шавад.

Сариев бар ин назар аст, ки 30 рӯз барои баррасии умумии тарҳи қонун хеле кам аст. Дар ин муддат баррасии лоиҳа, ҷамъоварии пешниҳодҳо, анҷоми ташхис, қабули қарор дар мавриди ворид кардани онҳо ба Конститутсия хеле мушкил аст.

"Агар ин баррасии умум бошад, пас кӣ пешниҳоди мардумро ҷамъ меорад, кӣ онҳоро баҳо медиҳад? Маълум аст, ки агар ба ин кор ҳизбҳои сари қудрат машғул шаванд, пас қонунӣ будани ин раванд зери суол меравад", - афзуд Сариев.

Ба андешаи вай, таъсиси як сохтори монанд ба шӯрои конститутсионӣ, ки бояд намояндагони ҳукумат, мухолифин ва коршиносони мустақилро дар бар бигирад, муҳим аст.

Аз шаш ҳизби порлумонии Қирғизистон панҷ ҳизб ҷонибдори ворид кардани тағйирот ба Сарқонун шуданд. Ҳадафи асосии ин ислоҳот густариши уҳдадориҳои ҳукумат ва тезонидани ислоҳоти додгоҳӣ унвон мешавад. Раъйпурсӣ тирамоҳи имсол дар назар аст.

XS
SM
MD
LG