Ссылки доступа

Дар Оқтеппа ронандагони автобусҳо эътироз доранд


Дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе чанде аз ронандагон ва пулчинҳои автобусҳо зидди боло бурдани иҷрои нақшаи рӯзона эътироз кардаанд. Расонаҳо аз қавли ҳокимияти вилояти Оқтеппа хабар медиҳанд, ки наздики 20 эътирозгар то нимашабии рӯзи чаҳоршанбе ба эътирозашон идома додаанд.

Аммо яке аз ширкатдорони эътироз мегӯяд, наздики нимашабӣ шумори эътирозгарон ба садҳо нафар мерасид.

Нақшаи нави рӯзона ронандагонро водор мекунад, ки дар як рӯз ба корхонаи нақлиёти ҷамъиятӣ бар ивази 3 ҳазор тангаи пешина 5 ҳазор танга супоранд. Ба гуфтаи ронандагон, онҳо наметавонанд ин маблағро ҷамъ оваранд.

Яке аз эътирозгарон мегӯяд, намояндагони мақомот, пулис ва роҳбари идораи нақлиёти ҷамъиятӣ то нисфи шаб ҳамроҳ эътирозгарон будаанд.

Дар хабаре, ки имрӯз ҳокимияти вилоят нашр кард, омадааст, ки идораи нақлиёти ҷамъиятӣ қарорашро бозбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG