Ссылки доступа

Amnesty International: дар Сурия ҳамарӯза то 10 зиндонӣ мефавтад


Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҷомеаи байналхалқӣ даъват доранд, ки барои пешгирии шиканҷа дар зиндонҳои Сурия ба Димишқ фишор оварда шавад.

Шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар зиндонҳои зери назорати ҳукумати Сурия ба сатҳи ҷинояти зиддибашарӣ расидааст, хабар медиҳад Amnesty International. Бино бар гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия (моҳи марти соли 2011) то кунун дар зиндонҳои он кишвар наздики 18 ҳазор одам ва ё ба ҳисоби миёна, рӯзе то 10 нафар ҳалок шудааст.

Гузориши нави Amnesty International шоҳидии 65 зиндонии пешинро дар бар мегирад, ки даҳшатҳои зиндонҳои Сурияро тасвир мекунанд. Зиндониён аз сӯи зиндонбонҳо шиканҷа мешаванд ва занҳоро таҷовуз мекунанд.

Мақомоти Сурия даҳсолаҳо барои маҳви мухолифонашон аз шиканҷа кор мегирифтанд. Имрӯз шиканҷа нисбати ҳар сокинони осоишта, ки бо ҳукумат розӣ нест, истифода мешавад, омадааст дар гузориш.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҷомеаи байналхалқӣ (ба вижа Русия ва ИМА) даъват доранд, ки барои манъи шиканҷа, таҷовуз ва бадрафторӣ дар зиндонҳои Сурия ба Димишқ фишор оранд. Amnesty International талаб дорад, ки ҳамаи зиндониёни сиёсӣ озод шаванд ва ҳамчунин ба нозирони мустақил ҳаққи ворид шудан ба зиндонҳои давлатии Сурия дода шавад.

XS
SM
MD
LG