Ссылки доступа

Дар Ишқобод барои сокинони "кӯчаҳои протоколӣ" маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шуд


Сокинони манзилҳои хиёбони Махтумқулии пойтахти Туркманистон - шаҳри Ишқободро водор кардаанд, ки шишаҳояшонро сиёҳ кунанд. Ин хиёбонро мақомоти маҳаллӣ "протоколӣ" унвон кардаанд, ки тариқи он президенти Туркманистон ҳаракат мекунад. Дар сурати саркашии сокинон, кормандони хадамоти коммуналӣ шишаи манзилҳоро ранги сиёҳи шустанашаванда мепошанд.

Ба ҷуз ин, сокинони маҳаллӣ аз ҳаққи овезон кардани ҷиҳозашон ҳатто аз ҷониби дохили бино, боз кардани равзанаҳо ва инчунин насби турҳо дар тирезаҳо маҳрум шудаанд.

"Моро аз рӯшании рӯзона маҳрум кардаанд, дар манзили мо ҳамеша шаб аст, хонаро ҳаво додан иҷозат намедиҳанд! Кормандони хадамоти коммуналӣ ҳеч ҳуҷҷат ва ё фармонеро дар ин робита ба мо нишон намедиҳанд", - мегӯяд як сокини ин хиёбон.

Ба гуфтаи сокинон, ҳар субҳ пулис дар ҷустуҷӯи соҳибони мошинҳои назди биноҳо, бо доду фарёб сокинонро аз хоб бедор мекунад.

"Назди манзили мо пур аз кормандони мақомоти махсус аст, онҳо намегузоранд, ки аз даҳлезҳо хориҷ шавем, маҷбур месозанд то дар хона биншинем", - мегӯянд сокинон.

Кормандони хадамоти коммуналӣ мегӯянд, масири ҳаракати Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз манзили зист то коргоҳаш ба далели таъмири хиёбонҳои Истиқлолият ва Отамурод Ниёзов тағйир ёфтааст.

XS
SM
MD
LG