Ссылки доступа

СММ рисолати башардӯстонаашро дар Сурия боздошт


Созмони Милали Муттаҳид ба далели ташаннуҷи амалиёти низомӣ фаъолияти башардӯстонаашро дар Сурия имрӯз боз дошт, хабар медиҳад фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура.

Ба гуфтаи вай, моҳи август ягон корвони мошинҳои башардӯстона ба минтақаҳои муҳосирашудаи Сурия, аз ҷумла Ҳалаб ворид нашудааст.

Мистура дубора даъват кард, ки танаффуси 48-соатаи башардӯстона эълон гардад, то ин ки кумакҳои башардӯстона ба ниёзмандон расонида шаванд. Вай афзуд, ИМА ва Русия бояд барои дастрасӣ ба сулҳ талоши бештар кунанд. Пештар аз ин мақомоти Русия гуфта буданд, ки омодаанд ба таври якҷониба дар Ҳалаб рӯзе то се соат оташбас эълон намоянд. СММ мегӯяд, оташбаси сесоата кифоят намекунад, ки кумакҳои башардӯстона ба минтақаҳои зарурӣ расонида шаванд.

Бино бар иттилои СММ дар умури масоили башардӯстона, аз ибтидои сол ба Сурия бештар аз сад корвони мошинҳои башардӯстона фиристода шудааст. Наздики 600 ҳазор сокин дар минтақаҳои муҳосирашудаи Сурия ба сар мебаранд. Онҳо аз дарёфти дору ва ғизо маҳруманд.

XS
SM
MD
LG