Ссылки доступа

Сагадиев: литсейҳои қазоқиву туркӣ корашонро идома медиҳанд


Вазири маориф ва илми Қазоқистон Ерлан Сагадиев мегӯяд, литсейҳои қазоқиву туркӣ фаъолияташонро идома медиҳанд.

"Дар робита ба дастури президенти Қазоқистон гуруҳи кории Вазорати маориф ва илм таъсис шудааст. Мо бо ҷониби Туркия дар иртибот хоҳем шуд, аммо ин ба ҷараёни таълим дахл нахоҳад дошт. Ин летсейҳо мактабҳои Қазоқистон ҳастанд, ки дар мувофиқа бо стандартҳои мо фаъолият мекунанд. Мо онҳоро борҳо санҷидаем. Даъвое зидди онҳо надорем. Литсейҳо чӣ гунае, ки фаъолият доштанд, ҳамон гуна корашонро идома медиҳанд", - гуфт Сагадиев.

5 август президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зимни сафараш ба Анқара гуфта буд, Қазоқистон ҳар корманди литсейро, ки "робитаҳои террористиаш" бо руҳонии турк Фатҳуллоҳ Гюлен собит мешаванд, ба Туркия таслим мекунад.

Раҷаб Урдуғон, президенти Туркия мегӯяд, дар Қазоқистон 33 мактаби "марбут ба Гюлен" фаъолият мекунад. Вай аз Остона хоста буд, ки нисбати ин мактабҳо чораандешӣ кунад.

XS
SM
MD
LG