Ссылки доступа

Беш аз 300 саҳифаи тундравон дар Твиттер баста шуд


Шабакаи иҷтимоии Твиттер дар як сол наздики 360 саҳифаи корбаронашро барои таблиғи терроризм ва экстремизм бастааст.

Бар пояи гузориши рӯзи панҷшанбеи шабака, беш аз 200 сафҳа дар шаш моҳи ахир маҳкам шудаанд.

Дар гузориш омадааст, ки аз миёнаҳои соли 2015 ба ин сӯ теъдоди саҳифаҳои басташуда то 80% афзудааст. Бахусус баъди амалиёти хунини террористӣ басташавии саҳифаҳо бештар гардидааст.

Раҳбарияти Твиттер мегӯяд, минбаъд дар ин шабака дубора сабти ном шудани корбароне, ки қаблан саҳифаҳояшон баста шудааст, мушкил хоҳад буд.

Ин гузориши Твиттер дар ҳолест, ки ахиран он барои муборизаи нокофияш бо ифротгароён дар Интернет интиқод шуд. Тундравон аз ин шабака барои ҷалби ҷавонон ба сафашон истифода намуда, бештари гуруҳҳои машҳури экстремистӣ низ дар Твиттер пойгоҳ доранд.

XS
SM
MD
LG