Ссылки доступа

Қирғизистонро аз ягона медали бозиҳои Рио маҳрум карданд


Додгоҳи ҳакамии варзишӣ (CAS) вазнбардори қирғизро аз медали биринҷии Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро, ки дар вазни 68 кило соҳиб шуда буд, маҳрум кард.

Бино ба иттилоотии CAS, санҷиши истеъмоли доруҳои нерӯафзои Иззат Ортиқов, варзишгари Қирғизистон натиҷаи мусбат додааст. Аз ин рӯ, Ортиқов аз иштирок дар мусобиқаҳо ва медал маҳрум гардидааст.

Усенкан Майназаров, сармураббии дастаи мунтахабаи Қирғизистон оид ба вазнбардорӣ зимни суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар ин бора изҳори беиттилоӣ кард. "Ҳеч имкон надорад", - гуфт вай.

Ёдрас мешавем, Иззат Ортиқов 10 августи соли равон ҷамъан ба бардоштани 339 кило комёб гардида, соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ин ягона медали дастаи мунтахаби олимпии Қирғизистон дар Бозиҳои олимпии Рио буд.

XS
SM
MD
LG