Ссылки доступа

Аминҷон Гулмуродзода аз зиндон раҳо шуд


Аминҷон Гулмуродзода, корманди Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон баъди як соли ҳабс аз зиндон раҳо шудааст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ӯро барои "сохтакории ҳуҷҷатҳо" гунаҳкор дониста буд.

Аминҷон Гулмуродзода ба расонаҳо хабар дод, ки субҳи 18 август ба озодӣ баромада, дар ҳалқаи хонаводааш қарор дорад. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ расо як сол қабл ӯро бо айби сохтакории ҳуҷҷатҳо ба ду соли зиндон маҳкум карда буд.

Баъдтар муҳлати зиндонаш як сол кам карда шуд. Аминҷон Гулмуродзода бо он айбдор шуда буд, ки соли 1989 бо кумаки падараш Пайванди Гулмурод аз ноҳияи Рӯдакӣ шаҳодатномаи тақаллубии таваллуд дарёфт кардааст. Ба гуфтаи тафтишот, дар асоси ҳамин ҳуҷҷат Аминҷон соли 1998 шиноснома дарёфт кардааст.

Аминҷон айбҳои эълоншударо рад карда, мегӯяд, ҳуҷҷатро қонунӣ соҳиб шудааст. Вай соли 1982 дар Душанбе таваллуд шуда, соли 2003 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар расонаҳои "Факти и комментарии", "Маърифати омӯзгор", Радиои Озодӣ ва ғайра кор карда, солҳои охир корманди Маркази тадқиқоти журналистӣ буд.

XS
SM
MD
LG