Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо аз озодии мухолифи қазоқ истиқбол кард


Озодии шартии сиёсатмадори мухолифи қазоқ Владимир Козловро, ки баъди ҳодисаҳои Жанаозени Қазоқистон дар соли 2012 зиндонӣ шуда буд, намояндаи расмии Хадамоти сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамчун фоли нек арзёбӣ кард.

"Дар робита ба уҳдадориҳои байналхалқиаш давлати Қазоқистон бояд қадамҳои баъдиро ҳам бигзорад ва ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро, ки дар зиндон ҳастанд, озод намоянд", - омадааст дар изҳороти Хадамоти сиёсати хориҷии ИА.

Иттиҳоди Аврупо ёдовар шудааст, ки созишномаи таҳкими ҳамкориҳои ИА бо Қазоқистон ҷонибҳоро уҳдадор мекунад, ки дар бахши ҳуқуқи инсон ҳамкории бештар дошта бошанд.

"Ҷомеаи шаҳрвандии фаъол ва мустақил барои рушди бо суботи кишвар аҳамияти муҳим дорад", - гуфтааст Хадамоти сиёсати хориҷии ИА.

Роҳбари ҳизби мамнуи "Алға" Козлов дар моҳи октябри соли 2012 баъди ҳодисаҳои Жанаозен зиндонӣ шуд. Дар Жанаозени Қазоқистон он замон нафткашҳо эътироз барпо карданд, нерӯҳои ҳукуматӣ ҳангоми пароканда кардани эътирозгарон, бино бар иттилои расмӣ, 16 нафарро куштанд. Владимир Козлов дар барангехтани адовати иҷтимоӣ айбдор мешуд, аммо ҷонибдорони вай ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин айбҳо ангезаи сиёсӣ доштанд.

XS
SM
MD
LG