Ссылки доступа

Нигаронии мақомоти қирғиз аз фаъолияти ҳаракати динии "Яқин Инкор"


Дар ноҳияи Қаракӯлҷини Қирғизистон пулис пайравони ҳаракати динии "Яқин Инкор"-ро, ки миёни аҳолӣ бе иҷозат таблиғот мебурданд, боздошт кардааст.

Пулис хабар медиҳад, ки набуди иҷозатномаи таблиғ сабаби боздошти онҳо шудааст.

"Сокинони маҳаллӣ аз ҳузури афроди шубҳанок, ки либоси покистонӣ дар бар дошта, риш гузоштаанд, хабар доданд. Онҳо савори мошин ҳаракат карда, ақидаҳои диниро миёни мардум тақсим мекардаанд. Онҳо даъват ва ё таблиғашонро дар наздикии марзи Қирғизистон бо Чин ба роҳ монда буданд",- хабар медиҳад пулис.

"Яқин Инкор" - ҷараёни динии ҷудошуда аз ҳаракати "Ҷамоати Таблиғ" аст. Дар Қирғизистон фаъолияти ин созмон манъ нашудааст. Аммо намояндагони расмии динӣ аз он норозианд, ки пайравони ҷараёни мазкур қоидаҳои умумиро риоя намекунанд.

Пайравони "Яқин Инкор" аз ду соли инҷониб дар Қирғизистон зуҳур кардаанд.

XS
SM
MD
LG