Ссылки доступа

Хабари шиканҷаи шудани Маҳмадалӣ Ҳаит тасдиқ нашудааст


Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки вазъи саломатии шавҳараш хуб аст ва овозаҳо дар бораи шиканҷа ва маъюб шудани ӯ дар боздоштгоҳ, асос надоранд.

Савринисо Ҷӯраева гуфт, ки субҳи 20 август бо шавҳараш ҳудуди як соат дар Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи Тоҷикистон мулоқот дошт.

Ба дунболи пахши хабарҳо дар бораи шиканҷа ва маъюб шудани Маҳмадалӣ Ҳаит Додгоҳии олии Тоҷикистон ба Ҷӯраева иҷоза дод, ки бо шавҳараш мулоқот кунад. "Саломатиаш хуб буд. Ягон ҷои нигаронӣ ва шикоят нест”,- гуфт ҳамсари Ҳаит ба Радиои Озодӣ.

Тибқи қонун, наздикони Маҳмадалӣ Ҳаит ҳақ доранд, ки ҳар шаш моҳ як бор бо ӯ мулоқот кунанд. Хонум Ҷӯраева мегӯяд, ки қарор буд чаҳор моҳ баъд бо шавҳараш мулоқот кунад, аммо Додгоҳи олии кишвар барои вохурияшон пеш аз муҳлат иҷозат додааст.

Ду рӯз пеш сомонаҳои мухолифони тоҷик дар хориҷа хабар доданд, ки Маҳмадалӣ Ҳаит ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ шуда, бар асари шиканҷа вазъи саломатиаш бад шудааст. Аммо масъулони Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи кишвар ин овозаҳоро беасос хонданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 2 июни соли равон ҳукми зиндони 14 узви баландпояи ҳизби мамнуи наҳзати исломиро, ки баъди ҳодисаҳои 4 сентябри соли 2015 дастгир шуда буданд, содир кард. Ду овини раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Сайдумар Ҳусайнӣ ба ҳабси абад маҳкум ва 11 узви дигари ҳизб аз 14 то 28 солӣ зиндон шуданд. Додгоҳ ҳамаи онҳоро дар ҳамдастӣ бо ошӯбгарони моҳи сентябр айбдор кард.

XS
SM
MD
LG