Ссылки доступа

ИМА Русияро огоҳ кард, ки низомиёнашро дар Сурия ҳимоят мекунад


Вашингтон Москваро огоҳ кардааст, ки агар низомиёни Амрико дар Сурия аз ҷониби нерӯҳои ҳавоии Русия ё президент Башор Асад бомбаборон шаванд, ба ҳимояти онҳо хоҳад бархост.

Дар ин бора Стивен Таунсенд, фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Сурия ва Ироқ иттилоъ додааст.

Таунсенд гуфтааст, ки Вазорати дифои ИМА маълумоти марбут ба ҷойгиршавии нерӯҳои амрикоиро дар Сурия ба ҷониби Русия додааст. Ба гуфтаи вай, Русия низ дар навбати худ ин иттилоъро ба нерӯҳои Сурия расондааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта нерӯҳои президент Башор Асад минтақаҳои зери идораи курдҳоро дар шаҳри Хасак, воқеъ дар шимолу шарқи Сурия ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор доданд. Мураббиёни амрикоӣ, ки дар ин минтақа бо нерӯҳои курд дар мубориза бо тундравон ҳамкорӣ менамоянд, бомбаборон шудаанд.

XS
SM
MD
LG